Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода: «Саҳми воситаҳои ахбори омма дар муаррифии дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон арзанда аст»

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода: «Саҳми воситаҳои ахбори омма дар муаррифии дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон арзанда аст»
Саҳми воситаҳои ахбори омма дар муаррифии дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон арзанда буда, ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон нақши муҳим доранд. Рӯзноманигорон дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси фаъолияти ҳокимияти олии қонунгузор ва намояндагии кишвар бетараф набуда, ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд. Ин матлабро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз зимни иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум иброз дошта, рӯзноманигорон, намояндагони расонаҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатиро бо иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуд.

Зикр шуд, ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 аз ҷониби Парламенти ҷумҳурӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик унвон гирифт ва аз ҳамон сол инҷониб дар саросари кишвар расман ҷашн гирифта мешавад.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии баён таъмин буда, фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.

-Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ низоми фаъолияти матбуот низ дигаргун шуда, метавон гуфт, ки матбуоти даврии тоҷик дар таъмини фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим дорад,-афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин