Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

Бо дастури Пешвои миллат муддати як моҳ тамоми манзилҳои харобшудаи сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён пурра бунёду барқарор мегарданд

Бо дастури Пешвои миллат муддати як моҳ тамоми манзилҳои харобшудаи сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён пурра бунёду барқарор мегардандБо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд. Ин нуктаро имрӯз, 5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз манзилҳои истиқоматие, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, иброз дошт.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара вазъи кунунии хонаҳои истиқоматиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо соҳибони онҳо суҳбат намуд.​

Айни замон дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

-Давлат ва Ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва мо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо шумо тамоми биноҳоро бунёду барқарор месозем, — зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода.​

Сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён таъкид доштанд, ки рӯҳафтодаву ноумед нестанд ва бовар доранд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат соҳиби сарпаноҳ мегарданд.​

Бино ба таъкиди сокинон, хонаҳои онҳо аз тарафи шаҳрвандони кишвари ҳамсоя бадқасдона оташ зада шуда, сипас наворбардорӣ гардидаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор дода шуданд.

Ба оилаҳои зарардида аз тарафи роҳбарияти вилоят маводи ғизоӣ низ дастрас гардид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин