Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

Ба ҳар оилаи шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ фавтида аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 70 ҳазор сомонӣ кумакҳои пулӣ расонида шуданд

Ба ҳар оилаи шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ фавтида аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 70 ҳазор сомонӣ кумакҳои пулӣ расонида шудандАз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ фавтида ба миқдори 70 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 700 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

5 майи соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи далатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба манзили шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҳалокшуда рафта, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони шаҳидон таъзия баён карданд.

Ба ҳар оилаи шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ фавтида аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 70 ҳазор сомонӣ кумакҳои пулӣ расонида шудандРаиси вилоят ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили шахсони марҳум- сокини Ҷамоати деҳоти Сурх — Бахтовар Маҳмудов, сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ — Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух — Меҳрӯзиддин Болтаев рафта, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи онҳо изҳори таслият намуданд.

Таъкид карда шуд, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин синаи худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегарданд.

Зимнан падари Ҳакимбой Ниёзов изҳор дошт, ки “ҳифзи марзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост ва мо бо тамоми неру барои ҳимояи кишвар омода ҳастем”.

Раҷаббой Аҳмадзода илова кард, ки давлату Ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад. То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда хоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин