Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

ШУКРИ 30 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ

ШУКРИ 30 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ
“Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.”
Эмомалӣ Раҳмон


Имрӯз Ватани маҳбуби мо дар остонаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш бо тасмими созандаву қадамҳои устувори фарзандони фарзонаи миллат беш аз пеш рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. 30 сол пеш миллати сарбаланди тоҷик истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр шинохта шуда, ба марҳилаи нави таърихии худ оғоз гузошт ва марҳила ба марҳила дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас соҳиб гашт.
Ҳамаи ин ободиҳо бо заҳмату машақатҳои зиёде ба даст омадааст. Оғоз аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки натиҷаи он қашшоқӣ, гушнагиҳову харобазориҳо, ҷонҳои талафшудаву гурезагон... Гӯё 30 сол бо як мижжа задан гузашт, лек чи қадар бо машаққатҳову ҷонбозиҳо...
Тоҷикистон солҳои 1990-1992 аз дигар давлатҳои собиқ иттиҳодӣ Шуравӣ фарсахҳову асрҳо ақиб монд. Лек тавонист бо фарзандони ватандӯсти худ, бо халқи меҳнатқарини худ, таҳти сарварии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин фарсахҳову асрҳоро дар муддати 30 сол тай намояд. Аз харобазорҳо гулгаштҳову хиёбонҳо рӯид, корхонаҳо аз нав барқароргаштаву аз нав бунёд шуданд. Гушнагиву қашшоқӣ паси дар монда, кулли мушкилиҳоро паси сар кардем, аммо сад афсус, ки бегуноҳони ҳалокгашта, аз нав зинда намегарданд, қадами хешро дар ин гулгаштҳои дилрабо намемонанд. Ин аст оқибати ҷангӣ шаҳрвандӣ, ки дар таърихӣ халқи тоҷик абадӣ нақш мебандад, доғи нангин. Бигзор дарси ибрат бошад баҳри насли ҳозираву оянда. Донем қадри сулҳу суботи ба даст омада, ки баҳои гароне супоридем, то ба имрӯз расидем. Тоҷику тоҷикистонӣ дар тули ин ҳама солҳои сипаригашта дарси сиёсатро хуб омӯхтааст, медонад акнун, ки сиёсат дигар асту бозиҳои сиёсӣ дигар.
Истиқлолият барои мо – рамзи олии ватандориву ватандўстист, бузургтарин неъматест, ки бо азму талошҳои фидокорона расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, таҳким бахшидани ҳаёти озодона ва саодати дурахшони ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ равона карда шудааст. Мо имрӯз бояд ба қадри истиқлолият бирасем ва барои ҳифзӣ якпорчагии ватани азизамон саъю кӯшиш намоем, зеро 30 сол дар назди таърих на он қадар зиёд аст, лекин бо заҳмату кӯшишҳои беназири фарзандони сарсупурдаи миллат мо тавонистем, ки муттаҳид бошем, ватанамонро обод намоем, марзу буми онро ҳифз намоем, ваҳдату ягонагии миллатро ҳимоят намоем. Ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш дошта бошем. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат дар паёми навбатии худ гуфтаанд: “Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест.
Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъи мехоҳад”.
Имрӯз халқи тоҷик ба рағми ҳама мушкилиҳо, ҷоннисориҳову пешпоихурданҳо ба истиқлолияти пойдору мустаҳкам расидааст. Ягон фитнаву низоъҳо дигар давлати тоҷикро пош нахоҳад кард. Бо овози баланду бо дили пур гуфта метавонем: Тоҷикистон ватани озоди мост!

Фирӯза ШАМСИДДИНОВА,
мудири шӯъбаи ташкилии
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин