Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

ХАЙРА МАҚДАМ! Имрӯз маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани Душанбе баргузор шуд

ХАЙРА МАҚДАМ! Имрӯз маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани Душанбе баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани Душанбе баргузор шуд.
Дар маросими мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғози барнома муовини Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» маълумоти муфассал дода, сертификати «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021»-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд.
ХАЙРА МАҚДАМ! Имрӯз маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани Душанбе баргузор шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва меҳмонону иштирокдорони барномаи мазкурро ба пойтахти Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои интихоби Душанбе ва Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон намудани он ба роҳбарону масъулини ин барномаи байнидавлатӣ изҳори сипос намуданд.

Сипас, ба ширкаткунандагони маросими мутантан ба муносибати Пойтахти фарҳангии Иттиҳод (ИДМ) эълон гардидани Душанбе филми кутоҳе дар бораи дастовардҳои пойтахти Тоҷикистон ва баномаи мусиқӣ иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар иҷрои устодони санъати мамлакат ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод карда шуданд.

Бо ҳамин чорабиниҳо дар чорчӯбаи «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» расман оғоз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22 ноябри соли 2020 дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» -и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими пӯшидашавии соли «Шимкент — пойтахти фарҳангии ИДМ-2020» ва супоридани навбат ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ (МФГС) соли 2006 аз ҷониби ҳукуматҳои ҳафт кишвари узви ИДМ таъсис ёфта, айни замон ба узвияти он кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон шомиланд. Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ аз соли 2007 то ин ҷониб дар доираи стратегияи худ лоиҳаҳоро дар соҳаҳои гуногуни гуманитарӣ дар ҳудуди Иттиҳод дастгирӣ менамояд. Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» аз соли 2012 то ин ҷониб амал менамояд.
Ҳадафи ин Барнома муҳайё намудани фазои мусоид баҳри муттаҳидии иқтидорҳои фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ байни давлатҳои узви ИДМ, бунёди пояҳои ҳамкории иқтисодӣ, рушди нумӯи маҳалҳо ва шаҳрҳои ИДМ, баланд бардоштани мақоми Иттиҳод дар ҷаҳони муосир мебошад.
Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» худро ҳамчун як марҳилаи муҳим дар муттаҳид сохтани саъю талошҳои ҷомеаи эҷодӣ бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, таблиғи арзишҳои умумиинсонӣ, баланд бардоштани маърифат ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар ҳудуди ИДМ муаррифӣ намуд.
Аввалин «Пойтахти фарҳангии ИДМ» шаҳри бостонии Беларус Гомел интихоб гардидааст. Аз шаҳрҳои Тоҷикистон — шаҳри Кӯлоб соли 2015 ин мақомро соҳиб гашта буд.



Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (аксҳо),
хабарнигорони АМИТ «Ховар»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин