Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

Хушқадам Хусравов маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев гардид

Хушқадам Хусравов маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев гардид25 март бахшида ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ дар намуди самбо баргузор гардид. Дар он вазишгари шинохтаи тоҷик Хушқадам Хусравов иштироки фаъолона намуда, маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Анатолий Харлампиев гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа варзишгари маъруфи тоҷик дар риштаи самбо Хушқадам Хусравов дар вазни 64-кг ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, барои медали тиллои мусобиқа бо намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминов рақобат намуд. Варзишгари тоҷик зимни муҳориба аз худ маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифи хеш дастболо шуд ва маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Харлампиев гардид. Ба хотири ғалабаи самбочии тоҷик Хушқадам Хусравов Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта ва Суруди миллии Тоҷикистон бо тантана садо дод.

Хушқадам Хусравов соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон, ки дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест баргузор гардида буд, ҳам медали тилло ва ҳам унвони чемпиони ҷаҳон ба даст оварда буд. Ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид.

Аввалин маротиба варзишгари тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба самборо моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба даст овард.

Дастоварди ӯро моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия варзишгари 23-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода такрор намуда буд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин