Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

Ваҳдати миллӣ мароми мост

Ваҳдати миллӣ мароми мост
Ваҳдат пояи асосии ҳар як давлату миллат маҳсуб ёфта, асоси онро сулҳу субот, тинҷию оромӣ, осоиштагиву ободӣ ташкил медиҳад. Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки мо ба чунин рӯзҳои неку осоиштаги, пешрафту тараққиёт ва ба сӯйи ояндаи ободу осуда равона ҳастем.
ҳамасола рӯзи 27-уми июнро дар саросари кишвари азизамон ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем ва бо Ваҳдати комили худ ифтихор дорем, зеро маҳз бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон ба мо чунин рӯзҳои нек насибамон гардидааст.
Бадхоҳони миллат барои ин Ваҳдат монеаҳо эҷод намуда, бо ҳар роҳ мехостанд, ки садди роҳи сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ гарданд. Хушбахтона, роҳбари хирадманди давлатамон тавонистанд, ки дар марҳалаи кӯтоҳи таърихӣ кишвари ҷангзадаи моро аз нобудшавӣ эмин дошта, Ваҳдати миллиро дар кишварамон побарпо намуданд.
Яъне 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳар яки мо бояд Ваҳдати миллиамонро аз ҳама боло гузошта, барои рушду нумуи ин Ватани маҳбуб ҷидду ҷаҳд намоем.
Воқеаҳои имрӯзаи Сурия, Ироқ, Либия ва Афғонистон ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем, ба қадри Ваҳдати сартосарии кишварамон бирасем ва Ватанамонро беш аз ҳарвақта дӯст дорем.
Пойдории Ваҳдати миллӣ ба иродаи солим, ватандӯстӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи марзу бум ва фазои сулҳу оромӣ вобастагӣ дорад.
Меъмори Ваҳдати миллати тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагор дар тамоми олам муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби сиёсатмадорони ҷаҳонӣ баҳои баландро сазовор гардидааст.
Маҳз, ба шарофати Ваҳдати миллӣ сатҳи ҳаёти мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, ватанамон рӯз то рӯз ободу зебо шуда истодааст. Моро зарур аст, ки барои Ваҳдати миллӣ, ояндаи дурахшони кишварамон дасти ҳамдигар гирифта, барои ободиву пешравии он саҳми худро гузорем.
Раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Шомалангова М
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин