Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

ВОХӮРӢ ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ

ВОХӮРӢ ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ
Имрӯз, 7-уми июн дар маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам дар мавзӯи "Ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои хатарбори он" вохӯрӣ доир гардид.
Вохӯрии мазкур дар асоси татбиқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли ҷорӣ, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, сурат гирифта, дар кори он сокинону фаъолони ноҳияи Мурғоб иштирок варзиданд.
Дар оғози вохӯрӣ раиси ноҳияи Мурғоб - Раҷабзода Ҳусния баромад намуда, нақш ва аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар минтақаҳои дурдасти кишвар хеле бузург арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони касбу кори гуногун дар самти маърифатнокии аҳолӣ, рушди ҷаҳонбинии онҳо, ташаккули маънавиёт ва дониши сиёсии мардум ва пешгирии тамоюлҳои манфии замони муосир мусоидати фаъол хоҳад кард.
Вохӯрӣ бо суханронии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам идома пайдо кард. Гуфта шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ аз тамоюл ва равандҳои замони муосир дар канор буда наметавонад ва дар радифи дигар кишварҳо ногузир ба таҳдиду хатарҳо рӯ ба рӯ мебошад. Дар ин миён, раванди ҷаҳонишавӣ ё худ глобализатсия дар қатори паҳлӯҳои мусбат ҷанбаҳои манфии зиёдеро дар худ дошта, таҳдиди он ба ҳувият, фарҳанг, забон, расму русуми миллӣ ва тафаккури насли нав аз мушкилиҳои асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Рудобаи Мукаррам дар суханронии худ зарурати боло бурдани маърифатнокии аҳолӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши илму дониш, рушди ҷаҳонбинии дунявӣ ва бо ҳамин васила ташаккул додани худшиносии миллиро дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа таъкид намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар ин роҳ кӯшиш ба харҷ дода, бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир муборизаи беамон баранд.
Дар рафти вохӯрӣ сокинони ноҳияи Мурғоб низ баромад карда, қайд сохтанд, ки дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳм мегузоранд ва бар зидди тамоюлҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ мубориза мебаранд.
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ба 10 нафар ятими кулли ноҳияи Мурғоб туҳфа, аз қабили сару либос ва пойафзол тақдим карда шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин