Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:53 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд 
  • 08:18 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карданд 
  • 08:14 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон 
  • 17:14 – Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» 

Эмомалӣ Раҳмон: «Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид»

Эмомалӣ Раҳмон: «Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид»

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор гардид, баён намуданд.

Пешвои миллат зикр карданд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаву давлат ва марому мақсади халқи мамлакат симои таърихӣ ва муосири Тоҷикистони азизро дар худ инъикос намуд. Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шуд.

Президенти мамлакат таъкид карданд, ки ин санади тақдирсози замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин бо иродаи халқ асосҳои бунёдии давлати навтаъсис, аз ҷумла давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро эълон намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат додааст. Ин меъёр, яъне тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар роҳи интихоби тақдири ояндаи худ ва кафолати Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Ва қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост, ки онро бо тамоми ҳастии худ ҳифз намоем,- иброз доштанд Президенти ҷумҳурӣ.
АМИТ «Ховар»/

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин