Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:55 – Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия 
  • 10:14 – Иштирокчии ҷанг ва собиқ корманди милиса Абдувалӣ Қаюмов барои хизмати шоиста бо 20 медалу орденҳои дараҷаи баланд қадрдонӣ шудааст 
  • 10:01 – 30 ВЕСНЫ НЕЗАВИСИМОСТИ 
  • 09:24 – ШУКРИ 30 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ 

Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден

Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден
ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка муҳтарам Ҷо Байден барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба сифати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка сидқан табрику таҳният гӯям.

Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаву муҳтавои амалии онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар маснади олии Роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Америка мо ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямонро дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рушди боз ҳам бештар хоҳем дод.

Омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳоямон дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.

Бо камоли самимият ба Шумо сиҳатии бардавому саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули минбаъдаатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти кишвари Шумо сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш таманно дорам».
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин