Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:55 – Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия 
  • 10:14 – Иштирокчии ҷанг ва собиқ корманди милиса Абдувалӣ Қаюмов барои хизмати шоиста бо 20 медалу орденҳои дараҷаи баланд қадрдонӣ шудааст 
  • 10:01 – 30 ВЕСНЫ НЕЗАВИСИМОСТИ 
  • 09:24 – ШУКРИ 30 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 10.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Индонезия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар иртибот ба ин фоҷеаи вазнин ба Шумо ва мардуми дӯсти Индонезия ҳамдардии амиқи ин ҷонибро иброз дошта, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонам».
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин