Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАВРӮЗ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАВРӮЗДар давраи Истиқлоли давлатӣ маҳз ба туфайли ҳидояту дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин анъанаҳову суннатҳои наврӯзӣ на танҳо зинда гардидаву инкишоф ёфтанд, балки ҳамаҷониба тарғиб шуданд. Ҳатто дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хомӯш нагардида буд, Сарвари тозаинтихоби давлат ба ҳама мушкилоти иқтисодиву фарҳангӣ Ҷашни Наврӯзро, махсусан дар пойтахти кишвар, дар сатҳи баланд таҷлил мекарданд.
Солҳои баъдӣ таҷлили ин ҷашн бошукӯҳтар шуд. Мардум туфайли суханронӣ ва табрикоти Пешвои муаззам ба Наврӯз ва анъанаҳову суннатҳои қадимии он бештар ошноӣ пайдо кард.
Бо пешниҳоди Сарвари давлат 20 март Рӯзи зиёиён эълон гардид. Дар ин рӯз бо намояндагони зиёиёни кишвар мулоқот доир карданд ва он ба ҳукми анъана даромад. Инчунин, дар Наврӯз намоиши оммавӣ, ки дар он ҳазорҳо нафар ширкат меварзиданд, баргузор мешуд. Сол ба сол шумораи ширкаткунандагони намоишҳои оммавӣ меафзуд. Сатҳу сифати он беҳтару мукаммалтар мегардид. Дар навбати худ дигар шаҳру ноҳияҳо бо пайравӣ аз он Наврӯзи оламафрӯзро хотирмон таҷлил мекарданд. Ва ин ҳама, хушбахтона, идома дорад.
Пешниҳоди Пешвои миллат буд, ки Наврӯзи кишвар ҳамасола бо навбат дар яке аз шаҳру ноҳияҳо таҷлил бигардад. Албатта, иштироку суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, худ як мактаби бузурги омӯзишӣ буданд ва мемонанд.
Дар ин, ки Наврӯзи мо ҷаҳонӣ шуд, саҳми Сарвари давлатамон бесобиқа мебошад. Ба ин васила имкон фароҳам овард, то моҳияти умумибашарии он бештар барои оламиён ошкор бишавад.
Панҷ сол пештар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо сарпарастӣ ва иштироки Президенти кишвар бисёр хотирмон ва дар сатҳи баланд гузашт. Адибони ҳавзаи кишвари Наврӯз ба ҷумҳурии биҳиштосо, сарсабзу хуррам ва дастовардҳои навини мо ошно шуданд ва бо таассуроти нек баргаштанд. Инчунин, дар тарғибу муаррифии мамлакати мо саҳми чашмрас гирифтанд. Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ин рӯз рӯзи хилқати инсон, кушудани дари кайҳон, шукуфтани гули Хуршед аст.
Шуаро бо илҳоми саршор тараннуми Наврӯзро карданд ва онро, аз ҷумла рамзи давлати Сомониён, хонданд.
Шоири тавонои тоҷик Муъмин Қаноат аз фаро расидани Наврӯз, ҷаҳонӣ гардидани он, бо шодмонӣ баён дошт:
Замонӣ будаму акнун ҷаҳониям,
Гулам ё гулхани Наврӯзи сониям.
Ин вожаи зебои тоҷикӣ ё худ Наврӯз, дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон, хосса ҳавзаи кишвари Наврӯз, як хел ва ширину форам садо медиҳад. Наврӯз эҳёи табиат, баробаршавии рӯзу шаб, пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот аст.
Бо омадани он ҳама ҷо сарсабзу шукуфо мешавад. Чаҳ-чаҳи мурғон як ҷаҳон маънӣ пайдо мекунад ва вомедорад, ки шоду хуррам бошем, чун табиат аз нав ҷавон шавем.
Ин шараф ва ифтихор моро бас аст, ки истиқлол ба даст овардем, ба ваҳдати миллӣ расидем ва дар канори ободу зебои Ватани маҳбуб ҷашни миллиамонро таҷлил мекунем. Ба қадри неъмати сулҳ низ бояд бирасем ва ба қадри талошҳову саъю кӯшишҳои Пешвои миллатамон.
Ба яқин, дар ҳеҷ давру замон ва макон Наврӯзи оламафрӯзи мо ба ин пояи бузург, яъне сатҳи баланд, ҷашн гирифта намешуд.

Саидислом АБДУҶАББОРЗОДА,
прокурори раёсати Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин