Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:55 – Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия 
  • 10:14 – Иштирокчии ҷанг ва собиқ корманди милиса Абдувалӣ Қаюмов барои хизмати шоиста бо 20 медалу орденҳои дараҷаи баланд қадрдонӣ шудааст 
  • 10:01 – 30 ВЕСНЫ НЕЗАВИСИМОСТИ 
  • 09:24 – ШУКРИ 30 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ 

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Нгуен Суан Фук

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Нгуен Суан Фук
ДУШАНБЕ, 06.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Нгуен Суан Фук барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам табрик ва муборакбодӣ менамоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густаришу таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Вйетнам буда, нисбат ба дурнамои онҳо назари бисёр нек дорад.

Умедворам, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамкориҳои байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид. Дар ин самт мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Вйетнамро идома дода, тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифодаи самарабахш қарор диҳем.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари дӯсти Вйетнам ва мардуми он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин