Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:55 – Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия 
  • 10:14 – Иштирокчии ҷанг ва собиқ корманди милиса Абдувалӣ Қаюмов барои хизмати шоиста бо 20 медалу орденҳои дараҷаи баланд қадрдонӣ шудааст 
  • 10:01 – 30 ВЕСНЫ НЕЗАВИСИМОСТИ 
  • 09:24 – ШУКРИ 30 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ХУҶАНД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ХУҶАНД
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАРКАЗИ ФУРӮШИ ГУЛУ БУТТАҲОИ ОРОИШӢ ВА ГАРМХОНАҲОИ ПАРВАРИШИ ГУЛҲОИ МАВСИМИРО ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ИФТИТОҲ НАМУДАНД
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти Маркази фурӯши гулҳо ва ду гармхонаи наву замонавии Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ” оғоз бахшиданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти коргарону мутахассисони корхона асосан ба парвариши қаламча, ниҳол, гулҳои мавсимӣ ва буттаҳои ҳамешасабзу ороишии нодир равона гардида, ҳадаф аз таҷдиду навсозии мавзеи мазкур вусъат бахшидани корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла маркази маъмурии он шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Маркази фурӯши гулҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо намунаи зиёди дарахтони сояафкану ҳамешасабзи нодир, гулу буттаҳои ороишӣ ва асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳол ва гулҳо ба фурӯш гузошта шудаанд.
Маркази зебову барҳавои фурӯши ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар масоҳати 150 метри мураббаъ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сохта шуда, ҳадафи дастандаркорон фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад.
Дар ин марказ мутахассисони соҳа дар баробари фурӯши ниҳоли дарахтони нодири сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд барои парвариш ва роҳҳои дурусти нигоҳубини ниҳолу гулҳо ба аҳолӣ маслиҳатҳои муфид диҳанд.
Айни замон шумораи ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар ин корхона қариб 12 ҳазор бехро ташкил медиҳад.
Ду гармхонаи наве, ки дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, барои парвариши зиёда аз 10 намуди гулҳои мавсимӣ пешбинӣ гардида, масоҳати умумии онҳо 1600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти масъулини Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ” давоми сол дар ин ду гармхона имкони парвариши то 6 миллион дона гули мавсимӣ мавҷуд буда, дар асоси дархосту талаботи аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он метавон ин нишондодро зиёд намуд. Дар ду гармхонаи нав танҳо давоми як мавсим зиёда аз 2 миллион дона гулҳои гуногун парвариш карда мешаванд.
То ин замон дар ин корхона 5 гармхона фаъолият мекард, ки коргарону мутахассисон дар як мавсим имконияти парвариши ҳамагӣ 700 ҳазор гулро доштанд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боз ду гармхонаи нав имкон аст, ки дар як мавсим қариб 3 миллион гулҳои гуногунранг парвариш карда шаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба кори мутахассисон баҳои баланд дода, барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар шаҳр, зиёд намудани майдони парвариши ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасабз ва таъсиси гармхонаҳои гулпарварӣ масъулони соҳаро муваззаф намуданд.
Дар ҳудуди Корхонаи давлатии “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ”-и шаҳри Хуҷанд, ки наздики 9 гектарро дар бар мегирад, дар баробари гулҳои мавсимӣ ҳамзамон 12 намуди ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, парвариш карда мешаванд.
Дар корхонаи мазкур қариб 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд, ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд ва давоми 1 соли охир коргарон ин мавзеъро ба як макони зебову дилфиреб табдил додаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз заминаи мусоиди ин парваришгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА 100 НАФАР ЯТИМИ КУЛЛ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ТУҲФАҲО ТАҚДИМ НАМУДАНД
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ХУҶАНД10 апрел дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба 100 нафар ятими кулл туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуданд.
Воқеан дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш маҷмӯи сару либоси баҳорӣ, аз қабили шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, ҳамчунин ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Дар ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасони ятимро, ки аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен, Зафаробод, Ашт ва Мастчоҳи вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, бо ҷашни зебои эҳёи табиат — Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шаванд ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Ятимони кулл барои дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд ва оянда дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд.
Бино ба иттилои оморӣ, имрӯзҳо дар вилояти Суғд 463 нафар ятими кулл зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат қарор доранд ва барои онҳо шароити мусоиди зисту таълим муҳайё гардидааст.

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ХУҶАНДПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАРКАЗИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ «АМИД»-РО ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНД
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро ба истифода супориданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидамон Исомаддинов бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи июни соли 2020 оғоз гардида, ҳангоми бунёди он 60 нафар матахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда буданд.
Иншооти дуошёна аз маркази савдо ва хизматрасонӣ иборат мебошад.
Дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсису ба истифодадиҳии иншооти нави маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд дар баробари дастрасӣ ба маҳсулоти босифат, ҳамзамон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хусусан ба шуғли доимӣ фаро гирифтани 50 сокини маҳаллӣ низ имконият фароҳам овард.
Ба хотири ҳарчи бештар таъмин намудани занону духтарон бо ҷойи кор масъулин иқдом гирифтанд, ки нақшаҳои мушаххасро амалӣ созанд. Ҳамин тавр аз шумораи умумии кормандон 40 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Зимни ба истифода супоридани иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маркази савдо аслан маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, кишоварзӣ ва нонӣ, ки дорои сифати баланду аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ба фурӯш бароварда мешаванд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар оянда бо роҳи васеъ намудани самти фаъолият шумораи кормандон, бахусус занону духтарон зиёд карда мешавад.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд гардида, дар назди иншоот таваққуфгоҳи нақлиёт бо 90 ҷой таъсис ва атрофи бино ободу зебо карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва иқдоми созандаи соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияти ҷойдошта тадбирҳои ободонию созандагиро вусъат диҳанд.

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КӮДАКИСТОНИ «30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ»-РО ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ИФТИТОҲ НАМУДАНД
10 апрел дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 1 га бунёд ва навсозӣ гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Кӯдакистони «30 — солагии Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд дорои 14 гурӯҳ буда, имкон дорад 400 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ 60 нафар мутахассисону мураббиён имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.
Кӯдакистони мазкур дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анбори маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад.
Инчунин дар саҳни ҳавлии кӯдакистон 7 айвонча, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, ду ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидаанд. Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, дар кӯдакистони замонавӣ ба корҳои навсозӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.
Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии муосирро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипсу миннатдорӣ намуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва аз бар намудану омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.
Дар кӯдакистони «30-солагии Истиқлол» аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАРКАЗИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНИРО ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ИФТИТОҲ НАМУДАНД
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази муосири хизматрасониро ифтитоҳ карда, дар базмгоҳи наврӯзии сокинони маҳаллаи Мевағул иштирок карданд.
Сарвари давлатро сокинони шукргузори шаҳри Хуҷанд бо барномаи пурмуҳтавои идонаи наврӯзӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Саҳни ҳавлии маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд барои пазироии Пешвои муаззами миллат фазои идона дошт. Мурдум барои хотирнишин гузаштани тадбирҳои фарҳангӣ дастархони пурнози наврӯзӣ ороста, дар як гӯша таомҳои миллӣ омода карданд. Бахши дигари чорабинии наврӯзӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии дастовези ҳунармандони чирадаст ва бозиҳои варзишӣ иборат буд.
Маркази нави хизматрасонӣ аз тарафи сокини ватандӯст Камолҷон Юсупов дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, аз чойхонаи миллӣ, нонбойхона, сартарошхона, дорухона, коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунарҳои миллӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.
Дар саҳни ҳавлии маҳалла барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим майдончаи муосири варзишӣ оид ба футбол бунёд шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ватанпарвари шаҳри Хуҷанд барои пазироии самимии роҳбари хеш, ҷонибдории амиқ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, онҳоро ба муносибати фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику муборакбод намуданд.
Мардуми заҳматкаш ва меҳмоннавози шаҳри Хуҷанд ҳамаи ин пешравию ободониҳоро аз баракати сулҳу ваҳдат, истиқлол ва аз шарофати вуҷуди мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Акнун бо бунёди маркази муосир ва майдончаҳои зебо барои тамошо, гашту гузор ва бозию дилхушии кӯдакону наврасон ва дигар сокинони маҳалла беҳтарин имкон ва шароити истироҳату фароғат фароҳам оварда шуд.
Бунёди чунин марказҳо ва таъмини шароитҳои муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин марказҳои хизматрасонӣ дар дигар маҳаллаҳо бунёд хоҳад шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин