Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:24 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд 
  • 13:53 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд 
  • 09:34 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд 
  • 08:48 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд 

КУМАКПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОНӢ РАСОНИДА ШУД

КУМАКПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОНӢ РАСОНИДА ШУД
5 май бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушбахтшоҳ Сафарзода, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Раҷаб Набиев ва Сулаймон Аюбов рафта, онҳоро бо ин рӯз табрик намуданд. Сипас ба аёдатшудагон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 10 000 сомонӣ, кумакпулии Раиси вилояти Суғд ба маблағи 4 000 сомонӣ ва раиси шаҳри Истаравшан ба маблағи 2 000 сомонӣ кумакпулии якдафъаинаро тақдим намуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни суҳбат бо иштирокчиёни ҶДҶ зикр гардид, ки ҷонфидоии мардони шуҷоъ дар ин набард тимсоли олии ватандӯстӣ, ваҳдат, озодихоҳӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, барои наслҳои ҷавон дарси ибрат ва сабақи ҷовидона мебошад. Хизмату ҷонбозиҳои эшон дар таъмини сулҳу оромии кишвар ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.
Иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.
КУМАКПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОНӢ РАСОНИДА ШУД
Ҳамзамон дар арафаи 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1941-1945) намояндагони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба манзили бобои Хуҷа Дарвешов, сокини 96-солаи деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон омада, паёму кумаки молиявии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин шахси шуҷоъ ва ҳомии Ватан расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 аз ноҳияи Ёвон қариб 2500 нафар иштирок карда, беш аз 1500 нафари онҳо дар роҳи мубориза ҳалок шудаанд. Аз шумораи он 1000 нафаре, ки аз ҷабҳаҳои ҷанг сиҳату саломат ба назди волидон ва наздиконашон баргашта буданд, имрӯз ҳамагӣ як нафари онҳо дар қайди ҳаёт аст, ки бобои Хуҷа Дарвешови 96- сола аз деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳия мебошад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин